QuadPacer
4 Лифҳои чӯткаро болои дандонҳо ва дар хати
милки дандонҳо ба таври дуруст ҷойгир кунед.
Дандонҳои худро бо ҳаракатҳои хурди пасу пеш
тоза кунед, то ки лифҳои чӯтка байни дандонҳо
гузарад. Ин ҳаракатро дар тамоми давраи
дандоншӯии худ идома диҳед.
Тавзеҳ: Мӯйякҳои чӯтка бояд каме васеъ шаванд.
Тавсия дода намешавад, ки шумо дандонҳоро
мисли бо чӯткаи дандоншӯии дастӣ тоза кунед.
Тавзеҳ: Агар шумо фишори аз ҳад зиёдро ба кор
баред, шумо тавассути тағйирёбии ларзиши дастак
ва чароғи ёдраси ивазкунии саракаи чӯтка бо
ранги каҳрабо огоҳ мешавед.
5 Барои тоза кардани сатҳҳои дарунии дандонҳои
пеш, дастаки чӯткаро нимамудӣ хам кунед ва дар
ҳар як дандон чанд зарбаи амудии якхеларо
анҷом диҳед.
6 Пас аз анҷом додани давраи дандоншӯӣ, шумо
метавонед вақти иловагиро барои тоза кардани
сатҳи хояндаи дандонҳо ва ҷойҳое, ки дар он
доғҳо пайдо мешаванд, сарф кунед. Шумо
инчунин метавонед забони худро бо чӯткаи
дандoншӯии фаъол ё ғайрифаъолшуда ба таври
дилхоҳ тоза кунед.
Тавзеҳ: Чӯткаи дандоншӯии «Philips Sonicare»-и шумо
барои истифода дар брекетҳо (лифҳои чӯтка ҳангоми
истифода дар брекетҳо тез фарсуда мешаванд) ва
таъмири дандонҳо (пломбаҳо, ғилофакҳо, винирҳо)
бехатар аст, агар онҳо ба таври дуруст гузошта
шудаанд ва вайроншуда намебошанд.
Барои итминон, ки шумо дар тамоми даҳон яксон
шӯстушӯӣ кардед, даҳони худро бо истифода аз
хусусияти «QuadPacer» ба 4 қисм тақсим кунед.
«QuadPacer» вақти дандоншӯиро ба 4 қисми баробар
ҷудо мекунад ва нишон медиҳад, ки кадом вақт шумо
бояд чӯткаро ба минтақаи дигар ҳаракат кунед.
Қисмҳо тавассути таваққуфи кӯтоҳ ҳангоми ларзиш
муайян карда мешаванд. Чӯткаи дандоншӯӣ дар
679
Тоҷикӣ