Истифодаи пешбинишуда
Чӯткаи дандоншӯии «Philips Sonicare»-и шумо
Оғози кор
Васлкунии сараки чӯтка
Матни пурраи эъломияи мутобиқати ИА дар суроғаи
интернетии зерин дастрас аст:
www.philips.com/support
Чӯткаҳои дандоншӯии барқии силсилаи 3000 ва 4000
барои нест кардани қабати часпак ва боқимондаҳои
ғизо аз дандонҳо барои коҳиш додани пӯсиши
дандонҳо ва беҳтар нигоҳ доштани саломатии даҳон
пешбинӣ шудаанд. Чӯткаҳои дандоншӯии барқии
силсилаи 3000 ва 4000 барои истифодаи истеъмолии
хонагӣ пешбинӣ шудаанд. Истифодаи кӯдакон бояд
таҳти назорати калонсолон сурат гирад.
1 Сарпӯши беҳдоштии сайёҳӣ
2 Сараки чӯтка
3 Дастак
4 Тугмаи фаъол/хомӯш
5 Ёдраси ивазкунии сараки чӯтка
6 Нишондиҳандаи сатҳи барқи батарея
7 Барқпуркунандаи USB (адаптери деворӣ дохил
нест)
8 Ғилоф барои сафар (Танҳо тамғаҳои мушаххас)
Шарҳ: Адаптери деворӣ дохил нест. Танҳо аз
адаптери 5V (Навъи А) истифода баред.
Шарҳ: Саракҳои чӯтка фарқ мекунанд.
1 Сараки чӯткаро рост кунед, то ки лифи чӯтка ба
самти пеши дастак баробар шавад.
509
Тоҷикӣ