522
Тоҷикӣ
Васлкунии сараки чӯтка
Истифодаи чӯткаи дандоншӯии барқии «Philips
Sonicare»
Шарҳ: Ҳангоми часпонидани тамғаҳо кӯдаконро бе
назорат нагузоред.
1 Сараки чӯткаро рост кунед, то ки лифи чӯтка ба
самти пеши дастак баробар шавад.
2 Сараки чӯткаро ба меҳвари металлӣ то сатҳи поён
сахт пахш кунед.
Тавзеҳ: Дар байни сараки чӯтка ва дастаки он каме
фосила дидан муқаррарӣ аст.
Агар шумо чӯткаи дандоншӯии «Sonicare»-ро бори
аввал истифода баред, одатан, шумо нисбат ба
истифодаи чӯткаи дандоншӯии ғайрибарқӣ ларзиши
зиёдро ҳис мекунед. Барои истифодабарандагони
бори аввал аз ҳад зиёд фишор овардан як кори
маъмул аст. Танҳо фишори нармро истифода баред
ва имкон диҳед, ки худи чӯткаи дандоншӯӣ дандонҳои
шуморо тоза кунад. Лутфан, барои таҷрибаи беҳтарин
дастурҳои дандоншӯии зеринро риоя кунед. Барои
расонидани кумак ба шумо дар гузариши осон ба
чӯткаи дандоншӯии нави «Sonicare», ин чӯтка бо
хусусияти фаъолшудаи «EasyStart» таъмин карда
мешавад. Ин хусусият пас аз 14 дандоншӯии аввал
қувваи чӯткаро оҳиста зиёд мекунад, то ки шумо
тавонед ба чӯткаи дандоншӯии «Philips Sonicare» одат
кунед.