524
Тоҷикӣ
KidPacer
Шиддатҳо
6 Пас аз анҷом додани давраи дандоншӯӣ, шумо
метавонед вақти иловагиро барои тоза кардани
сатҳи хояндаи дандонҳо ва ҷойҳое, ки дар он
доғҳо пайдо мешаванд, сарф кунед. Шумо
инчунин метавонед забони худро бо чӯткаи
дандoншӯии фаъол ё ғайрифаъолшуда ба таври
дилхоҳ тоза кунед.
Шарҳ: Чӯткаи дандоншӯии «Philips Sonicare»-и шумо
барои истифода дар брекетҳо (лифҳои чӯтка ҳангоми
истифода дар брекетҳо тез фарсуда мешаванд) ва
таъмири дандонҳо (пломбаҳо, ғилофакҳо, винирҳо)
бехатар аст, агар онҳо ба таври дуруст гузошта
шудаанд ва вайроншуда намебошанд.
Барои итминон, ки шумо дар тамоми даҳон яксон
шӯстушӯӣ кардед, даҳони худро бо истифода аз
хусусияти «KidPacer» ба 4 қисм тақсим кунед.
«KidPacer» вақти дандоншӯиро ба 4 қисми баробар
ҷудо мекунад ва нишон медиҳад, ки кадом вақт шумо
бояд чӯткаро ба минтақаи дигар ҳаракат кунед.
Қисмҳо бо оҳангҳои кутоҳ муайян карда мешаванд.
Чӯткаи дандоншӯӣ дар охири раванди дандоншуӣ ба
таври худкор бо оҳанги табрикӣ таваққуф мешавад.
Шарҳ: Ба фарзанди худ дастур диҳед, ки он то он
даме, ки оҳанги табрикиро нашунавад ва то вақте ки
чӯткаи дандоншӯӣ хомӯш нашавад, дандонҳои худро
тоза кунад.
Чӯткаи дандоншӯии шумо бо 2 реҷаи шиддати
гуногун таъмин шудааст: нарм ва нарми иловагӣ.
Шарҳ: Вақте ки шумо чӯткаи дандоншӯиро бори аввал
истифода мебаред, танзими пешфарз реҷаи нарми
иловагиро истифода мебарад.
Барои иваз кардани шиддатҳо:
-
Барои фаъол/хомӯш кардани чӯткаи дандоншӯӣ
тугмаи фаъолсозиро як маротиба пахш кунед
-
Барои иваз кардани шиддат, тугмаро маротибаи
дуюм дар муддати 2 сония пахш кунед